(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии санаи фархундаи 22-юмин солгарди Рўзи Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд самимона табрик гуфта, бароятон бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ орзу менамоям.

Таърихи халқияту миллатҳои ҷаҳон санаҳои муҳим ва ҳаводисеро медонад, ки аҳамият ва арзиши онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати бебаҳои ин ё он миллат баландтар мегардад.

Чунин санаи барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму сарнавиштсоз Рўзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёди мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

Ин санаи тақдирсозе аст, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофарин ва оғози созандагиҳои бузург мебошад. Дар ин рўзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Зеро маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Давоми 22 сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Модар – Ватан ва таъмини некўаҳволию осоиш камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту раҳнамоии меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ карда истодаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки маҳз бо шарофати барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини ҷумҳуриамон даврони нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, аз он пас имконият фароҳам омад, ки барномаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ татбиқи худро ёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр дошта буданд, ки арзишмандтарин неъмати даврони Истиқлолият суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, ҳамаи дастовардҳои мо ба он алоқамандии зич дорад.

Аз ин рў мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рўзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомўзанд.

Имрўз дар ҳамаи гўшаву канори мамлакат аз сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкорӣ сухан мегўянд. Дар бораи корнамоиву ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар бо шукргузорӣ ҳарф мезананд, ки Ватанро ободу мардумонашро шод гардонданд.

Бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ чун дар тамоми минтақаи кишвари соҳибистиқлоламон дар Хуҷанди бостонии мо низ корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза гирифта, имрўз шаҳри азизамон ба яке аз шаҳрҳои ободу дилрабо табдил ёфтааст.

Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ барои ҳифзи ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми азизи Хуҷанди бостониро ба ифтихори 22-юмин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо рўзгори орому осуда, хонаи ободу дастархони фаровон ва иқболу сарбаландӣ орзу менамоям.

Бигзор ваҳдати миллии тоҷикон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пояндаву ҷовидона бошад!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак ҳамшаҳриёни азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд