(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр санги асос гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос барои синфхонаҳои иловагии МТМУ №5 дар ҳузури аҳли таълимгоҳи номбурда ва маорифи шаҳр изҳор дошт, ки алъон дар ҳудуди вилоят беш аз 50 адад макотиби нав сохта шуда истодааст, ки он то 30 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, сол ба сол масъалаи мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар макотиби вилоят аз байн бурда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар ин радиф ҳамчунин сохтмони беш аз 15 адад кӯдакистонҳо низ дар шаҳру навоҳии вилоят ҷараён дорад, ки муаммои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабиро марҳила ба марҳила ҳал хоҳанд намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди бинои иловагӣ ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, бо назардошти фарогирии 280 нафар хонанда дар як баст то охири соли ҷорӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Дар таҳхонаи бинои мактаб ҳамзамон озмоишгоҳҳои замонавӣ ва китобхонаи муосири электоронӣ бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари бинои иловагии МТМУ №5 Идораи сохтмони асосии вилоят буда, лоиҳакаши он «Суғдшаҳрофар» мебошад. Сохтмони он аз ҷониби ширкати сохтмонии «Авитсена» амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи харҷномавии бино 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бо дуои собиқадорони соҳаи маорифи шаҳр ба сохтмони бинои иловагии МТМУ№5-и шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Дар ҳамин ҷо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо назардошти хизматҳои шоёни собиқадорони маориф, ки соли ҷорӣ бо маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 200 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ва комёби шаҳру навоҳии вилоят ба истироҳатгоҳи «Зумрад» фиристода мешаванд. Ҳамчунин 10 нафар омӯзгорони соҳибтаҷрибаи МТМУ№5-и шаҳри Хуҷанд бо мусоидати роҳбарияти вилоят дар осоишгоҳи «Баҳористон» истироҳат хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд