(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» иборат аз шаш гуруҳ рӯзи 18 июн вориди вилояти Суғд мешаванд ва аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал меоранд.

Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нақша-чорабиниҳои марбут ба сафари Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» ба шаҳр тасдиқ ва масъулини дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани он муваззаф гардиданд.

Меҳмонон санаи 20-уми июни соли ҷорӣ дар доираи барномаи Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» дар конфронси умумиҷумҳуриявии «Бузургии занон дар Ваҳдат аст» дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд иштирок менамоянд. Ҳамзамон боздиди меҳмонон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии Зулфия Баҳриддинова, Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааи истироҳатии «Роҳи танобӣ» ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии Истиқлол” дар назар дошта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд