(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи дурахшони ҷавонон, хоса таҳсили ҳатмӣ, таъмин бо кори мувофиқ ва ғайра чораҳои мушаххас меандешад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ баҳри фароҳам овардани шароити хуб корҳои муҳимро ба анҷом мерасонад.

Якҷоя бо идораҳои дахлдор ҷавононро ба амалҳои созанда талқин менамояд. Онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад, аз ҷиҳати сиёсӣ пухта ва зирак мегардонад. Зеро ҷавонон бояд бо нерӯи тозаву бузург кишварро мунаввар созанд.

Мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд, машҳур бо номи “ДОСААФ” солҳои зиёд аст, ки ба сокинони шаҳр ва гирду атрофи он хизмат мерасонад. Ба муассисаи мазкур мардону занон, хоса ҷавонон аз ҳар гӯшаи диёр омада, касби ронандагиро меомӯзанд. Дар ин даргоҳ омӯзгорону мураббиён ва устоҳои пуртаҷриба ба шогирдон тамоми нозукиҳои ронандагиро меомӯзонанд.

Дар сӯҳбат Муҳитдин Турсунов, капитан, муовини сардор оид ба корҳои тарбияи ҳарбӣ-техникии Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хуҷанд, гуфт, ки даргоҳи мазкур тавре аз номаш аён аст, мададгор ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин ҷо асосан ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ омада, касби ронандагӣ, дараҷаҳои «Б, С»-ро меомӯзанд. Ҷавонони синни даъватӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Комиссариати ҳарбӣ пешниҳод шуда, тайи 3-4 моҳ ройгон пурра курси мазкурро мегузаранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мутаасифона зиёда аз 100 адад имтиёзҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои ҷавононе, ки баъди соҳиб гардидан ба ҳуҷҷати ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, иҷро нашуда мемонад.

Омӯзиш барои ҷавонони синни даъватӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Дар ҳар ду марҳила: даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ аз 20 то 30 нафар курси касбии ронандагиро аз худ мекунанд.

Муҳитдин Турсунов илова намуд, ки ҳар сол аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани ҷавонон ба ронандагӣ дархост меояд ва мувофиқи он мо ҷавононро тайёр мекунем. Яъне, кор мувофиқи нақша сурат мегирад. Ҷавононе, ки курси касбии ронандагиро ба итмом расонидаанд, дар қисмҳои ҳарбӣ бо рондани мошинҳои хурду калон машғул мешаванд. Ба онҳо қисмҳои ҳарбӣ эҳтиёҷ доранд. Аз ин лиҳоз, Мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд бисёр корҳоро ба анҷом мерасонад. Ба ҷавонони синни даъватӣ ғайр аз ронандагӣ, ҳамчунин таъмири мошинҳои хурду калон омӯзонида мешавад. Дар ҳолати вайрон шудан ва ё аз кор мондани ягон қисми мошин, ронанда бояд фавран мустақилона онро бартараф кунад. Ин яке аз ҷузъҳои асосии касби ронандагӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин, капитан Муҳитдин Турсунов қайд кард, ки роҳбарияти муассиса баробари курсҳои ронандагӣ ба омӯзонидани дарсҳои сиёсӣ, ватандӯстӣ, фарҳангӣ низ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад.Барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ бо ҷавонон машғулиятҳо мегузаронад.

Озмуну мусобиқаҳо низ ба роҳ монда шуда, чусту чолокии ҷавонон санҷида мешавад. Ба онҳо машқу тамринҳое, ки барои наваскар заруранд, омӯзонида мешаванд.

Ҷавонони синни даъватӣ бо роҳбаладии масъулини Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хуҷанд ба ҷойҳои фарҳангию таърихии шаҳр ва қисмҳои ҳарбӣ рафта, шиносоӣ пайдо мекунанд. Дониши сиёсии хешро баланд мебардоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ омода мешаванд.

Дар интиҳо Муҳитдин Турсунов илова намуд, ки муассисаи мазкур ҳамеша барои қабули ҷавонони синни даъватӣ омода аст, то ки онҳоро соҳиби касб гардонида, ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ фиристад.

Капитан Турсунов инчунин, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Комиссариати ҳарбӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи шаҳр ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ миннатдории хешро баён кард. Орзуи онро намуд, ки ҷавонон худшиносу ватандӯст бошанд ва ҳимояи халқу ватанро вазифаи ҷонии хеш донанд.

Таҳмина АЮБОВА
«Тирози ҷаҳон»