(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки рӯз ба рӯз симои шаҳрро тарҳу намои тоза мебахшад, сокинони маркази маъмурии вилояти Суғдро дар ростои ҳамраъйӣ ба иқдомоти созандаи шаҳрдорӣ қарор додааст.

Бо иқдомоти роҳбарияти олии кишвар таъмиру навсозии иншооти муҳими давлатӣ, гулгашту хиёбонҳо, марказҳои фароғатию истироҳатӣ, бунёди мактабу майдончаҳои варзишӣ, ки ахиран таваҷҷуҳ ба онҳо зиёд шудааст, қобили дастгирист. Зеро симои наву замонавӣ касб кардани шаҳри Хуҷанд боиси фараҳмандиву ифтихори ҳар фарди худогоҳбуда, сатҳу сифати зиндагӣ ва маданияти шаҳрдории тоҷиконро ба меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ месозад.

Ҷомеаи меҳнатии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза аз субҳи солеҳон дар 3 баст фаъолият дошта, баҳри фаврӣ гирифтани партовҳои баровардашуда ва тозаву обод нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр тадбирҳо меандешанд.

Ҳамчунин дар ин раванд нақши кормандони ободонии шаҳр низ муассир аст. То оғози кори шаҳрвандон ҳама ҷойро ободу муаттар мегардонанд. Дар ин росто аз ҳар сокини шаҳр, масъулини сохтору идораҳои дахлдор тақозо мегардад, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо ва гирду атрофи коргоҳҳои хеш таваҷҷуҳ намуда, дар маҷмӯъ ба ободонии шаҳр саҳмгузор бошанд.

Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама дар иҷрои ин амр фаъоланд.

Яке аз муаммоҳое, ки вуҷуд дорад шаҳрвандон берун аз реҷа партовҳои хешро мебароранд ва ё худ ба ин амал ноболиғонро истифода менамоянд. Ба қадри меҳнати идораҳои марбутаи ободонии шаҳр намерасанд.

Бояд қайд намуд, ки дар як қатор кишварҳои ҷаҳон барои содир намудани чунин амал ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Мо бояд фарҳангу маданияти шаҳрдориро ба чунин ашхос талқин намоем.

Чунончи, дар кишварҳои Фаронсаю Олмон ва Сингапур барои дар кӯча партофтани пасмондаи як дона сигор аз шахси ин корро содиркарда 35 евро ҷарима меситонанд. Барои партофтани партов то 100 евро шахсро ҷарима мебанданд. Дар сурати такрор шудани ин ҳуқуқвайронкуниҳо ҷарима то 1000 евро боло меравад. Барои дар кӯчаҳои шаҳри Париж партофтани партов аз биноҳои истиқоматӣ аз 150 то 600 евро, анвои ғизоӣ 190 евро ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд нишон медиҳанд, ки талошҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин самт муваффақонаву самаранок аст. Гулкориву сабзкориҳои бесобиқа дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, назди бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба чашми ҳар бинанда, ба сурати зеботару гул - гулшукуфон ба ҷилва меорад.

Шаҳр аз даврони қадим маркази илму адаб, фарҳангу маърифат, макони ободу озода буд. Имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Хоса шаҳри бостонии Хуҷанд, ки маркази тамаддун аст, дар радифи маркази маданияту фарҳанги воло доштан бояд тозаю озода ва макони ҳаловату ҳузури сокинонаш бошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд