(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиш-фурӯши ниҳолҳо ва гулу зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиш фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳои кишварзӣ баргузор гардид.

Аз субҳи содиқ мардуми бисёре ба макони намоиш-фурӯш ҷамъ омада, ниҳолу гулҳои орошӣ, тухмиҳои зироатӣ, маҳсулоти кишварзиро харидори намуданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои ниҳол маҳсулоти кишоварзӣ, тухмиҳои зироатҳо дидан намуда, доири баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи усулҳои нави агротехнологӣ мубодилаи назар намуданд.

Сокинону меҳмонони намоиш-фурӯш имкон доштанд дар баробари харидорӣ намудани гулҳои ороишӣ, ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда, тухмӣ аз навъҳои гуногуни нуриҳои минералӣ, бо деҳқонону мутахассисон мубодилаи таҷриба намуда аз онҳо маслиҳати амалӣ гиранд.

Бештари мардум имсол баробари гулҳои ороишӣ ба харидани ниҳолҳои мевадиҳандаи зардолу, олуча, гелос ва себ ҳавасманд буданд.

Корхонаю муассисаҳо бошад, бештар ба ниҳолҳои сояафкани ардач ва дигар намудҳои дарахтони навъи сузанбаргро харидорӣ менамуданд.

Дар намоиш-фурӯш корхонаю муассисаҳои вилоят аз хоҳишмандон дархост қабул намуда, шартнома имзо намуданд.