(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Тибқи нақшаи корӣ Раиси шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода дар беморхонаи шаҳрии №1 бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Бофанда №2 мулоқот анҷом дод. 

Нахуст вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оид ба мафҳуму мақоми Ваҳдати миллӣ ва омодагӣ ба таҷлили он андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки маҳз бо шарофати хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат ва хиради азалии мардуми тоҷик сарзамини мо ба макони сулҳу салоҳ табдил ёфт. Дар муддати солҳои начандон тўлонӣ Тоҷикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гашт ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаи Тоҷикистон ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр дошта буданд, ки арзишмандтарин неъмати даврони Истиқлолият суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, ҳамаи дастовардҳои мо ба он алоқамандии зич дорад.

Маъруф Муҳаммадзода хамзамон доир ба наrшаи чорабиниҳои шаҳрӣ ба муносибати 30-солагии Истиrлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки он аз 341 банд иборат буда, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла бунёди коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиrоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳоро фаро гирифта, то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар давоми соли 2018 дар маҷмўъ 48 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи беш аз 323 миллиону 910 ҳазор сомонӣ бо дарназардошти татбиқи лоиҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ ва ба истифода додани беш аз 69 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ, савдою хизматрасонӣ амалӣ гардонида шуд.

Дар панҷ моҳи соли 2019 бошад, корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиrлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон вусъат дода шуда, дар ин замина дар шаҳр як қатор иншоотҳои гуногуни хизматрасонию маишӣ ва саноатию истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

Дар маҷмўъ дар панҷ моҳи соли 2019 зиёда аз 15 банди нақшаи чорабинӣ бо харҷи 52 миллиону 781 ҳазор сомонӣ ва ба истифодадиҳии 85 адад иншоот ва ғайринақшавӣ бошад 43 адад иншоот бо харҷи 40 миллиону 532 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 128 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.

Умуман дар давоми солҳои 2018 ва панҷ моҳи соли 2019 дар шаҳр зиёда аз 197 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ ба маблағи 417 миллиону 223 ҳазор сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 900 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Алҳол бошад, дар 57 банди нақшаи чорабиниҳо корҳои сохтмонӣ вобаста ба бунёди як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ, саноатию хизматрасонӣ ва маъмурӣ идома дорад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳр Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон доир ба мазмуну муҳтавои қарорҳои иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз 12 апрели соли равон рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки мутобиқи нақшаи Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2018-2020 бояд дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд 25 адад кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ бунёд мешуданд. Ин нақша пеш аз муҳлат иҷро карда шуд. Дар ин замина зимни ифтитоҳи гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур оид ба таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ ироа гардида буд ва соли ҷорӣ дар макотиби шаҳр ғайр аз Барномаи номабаршуда беш аз 70 адад кабинетҳои нави фаннӣ таҷҳизонида шуданд, ки ин нишодиҳандаи беҳтарин дар вилоят аст.

Дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Бофанда №2 доир ба муаммоҳои гуногуни ҷомеа ва пешниҳодоти мушаххас дар самти ободонии шаҳр андешаҳои хешро баён доштанд.

Бояд қайд намуд, ки чунин мулоқотҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд дар дигар ҳавзаҳои интихоботӣ низ баргузор гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд