(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа нахуст натиҷаи аттестатсияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ва аккредитатсияи муаасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас аз ҷониби Марҳабо Темурова, директори Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанддоир ба натиҷаи баргузории олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли таҳсили 2018-2019 иттилоъ дода шуда, аз ҷумла афзуд, ки тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф оид ба гузаронидани олимпиадаи фаннии хонадагон дар соли 2018-2019 аз фанҳои таълимӣ ба тавсиб расид ва он дар ду марҳила доир гардид.

Марҳилаи якум дар МТМУ №5 аз санаи якуми ноябр то хаштуми ноябр ва марҳилаи дуюм дар байни хонандагони синфҳои 10 дар муассисаи таълии мактаб барои хонандагони болаёқат ва барои синфҳои 11 дар гимназияи №24 баргузор гардид. Дар Олимпиада байни синфҳои 5-8 аз фанҳои дақиқ 582 нафар иштирок намуданд. Синфҳои 9-11 1240 нафар иштирок намуданд. Дар умум аз синфҳои 5-11 1822 нафар ширкат варзида, донишу истеъдоди худро намоиш доданд. Шартхои олимпиада аз корҳои хаттӣ, ҳалли масъалаҳои тестӣ ва ғайра иборат буданд ва толибилмон донишу истеъдоди худро аз руи 13 фаннҳои таълими тибқи Низомнома санҷиданд. Аз синфҳои 5-8 198 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, аз синфҳои 9-11 261 нафар сазовори ҷойҳои ифтихори гардиданд. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, ба донишу истеъдоди толибилмон баҳои арзанда ва воқеи дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд. Барои вусъат ёфтани ҳаракати олимпӣ ва дарёфти хонандагони болаёқат дар давраи таътили зимистона байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр озмуни «Соҳибистеъдод» аз фанни математика барои хонандагони синфҳои 3-4 гузаронида шуд.Дар ин озмун 105 нафар хонандагон иштирок намуда,ғолибон бо дипломҳо ва сертификатҳои шуъбаи маориф сарфароз гардиданд.

Дар ҷараёни кори ҷаласаи Шӯрои маориф доир ба муайян ва пешбарӣ намудани довталабон ба шаҳодатномаи аъло, медали тилло ва нуқра барррасӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ аз макотиби шаҳри Хуҷанд 9 нафар хонандагон ҳуҷҷатҳои хешро пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин аъзои Шуро рафти татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм барои солҳои 2016-2020 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, вазъи истироҳтагоҳҳои тобистонаи наздимактабӣ ва истироҳатгоҳи “Парвоз” ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева дар масоили ҷории рӯзномаи Шӯро якчанд мавзуъҳоро матраҳ ва масъулинро вазифагузорӣ намуд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода бо натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳр дар соли 2018 аз ҷумла таъкид намуд, ки аҳли маорифи шаҳр баҳри баланд бардоштани саводомӯзии мукаммал ва тарбияи комили хонандагон аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Бо вазифагузорӣ ва муайян намудани ҷанбаҳои фаъолият ба ҷаласаи Шӯрои маориф шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд