(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 28-уми июни соли равон, соати 18:00 дар Амфитеатри Арбоб Консерти хайриявии сарояндаи хушсадову хушсимо, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарнигори Зар таҳти унвони “Зарнигори Зар - ғамхори маъюбон” баргузор мегардад.

Дар консерт сурудҳои наву беҳтарини Зарнигори Зар тақдими мухлисон мегардад. Ҳамзамон ситораҳои эстрадаи суғдзамин Шӯҳрати Расул, Далер Кутузов, Ҳилолиддин ва Аловуддин Шамсиевҳо, ҳаҷвнигорони варзида Сулаймон Саидғозиев, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Ғарибшоҳ компания” Бахтиёр Раҳимов ва гурӯҳи рақсии Мактаби санъати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меҳмонони консерти хайриявӣ мешаванд.

Маблағи ҷамъшуда аз консерти хайриявӣ барои харидорӣ намудани аробачаҳои маъюбӣ ба чор нафар маъюбони модарзод пешбинӣ гардидааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар муроҷиатномаи худ изҳор доштааст, ки агар нисбат ба тақдиру вазъи феълии маъюбону барҷомондагон, ниёзмандону пиронсолони яккаву танҳо, бетараф набошед, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ташкил ва баргузор намудани Консерти хайриявӣ саҳми худро гузоред.

Рақамҳои телефон барои тамос (92) 775-05-00, 6-54-44, 6-01-99.

Биёед азизон, дасти мадади хешро барои ғамхориву дастгирии ниёзмандон дароз намоем!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд