(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ сурат гирифт.

Дар оғози чорабинӣ Усмонҷон Ахмедов муовини директор оид ба илм ва инноватсия дар бораи зарурати баргузории озмуни мазкур сухан карда, аз ҷумла баён дошт, ки дар бораи рушди техникаву технология, бояд ҷавонон бештар рӯ ба китобу китобхонӣ орад, зеро лаззати китобхонӣ, бардошти маънавӣ аз он болотар аст аз кинофилму дигар воситаҳои ғановати маънавӣ.

Сипас, 21 нафар донишҷӯёни ғолибони факултетҳо аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Бо баҳодиҳии холисонаи ҳайати ҳакамон дар бахши назм пирӯзӣ насиби Сайфура Нозимова, донишҷӯи курси 1 ихтисоси технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Ибодулло Назарзода, донишҷӯи курси 1, ихтисоси таъмини барқ ва Барно Ҳоҷибоева, донишҷӯи курси 2, ихтисоси технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд ишғол намуданд. Дар бахши наср мақоми аввалро Дониш Шарифов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси таъмини барқ, ҷойи дуюмро Фарҳод Мамадалиев, донишҷӯи курси 1, ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва мақоми сеюмро Алишер Рустамов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси хизматрасонии автомобилӣ касб кард. Хуршеда Камолова, донишҷӯи курси 1, ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо барои ширкати фаъолона бо Ифтихорнома тақдиронида шуд Ба ғолибону ҷоизадорон Ифтихорномаҳои Раёсати донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Дар қисмати фарҳанги донишҷӯёни донишкада бо суруду рақсҳои дилошӯхотири ахли нишастро шод намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар муассисаҳои миёнаву касбӣ ва олии шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуда истодааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ маҳсуб мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд