(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Кормандону мутахиссисон оид ба барўйхатгирии аҳолии Раёсати омори шаҳри Хуҷанд баҳри муташаккилона гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи навбатии соли 2020 тадбирҳои мушаххас меандешанд. 

Дар ин самт чорабиниҳои ташкилию омодагӣ ба ин маъракаи муҳиму сиёсӣ вусъат бахшида шуда, дар маҳаллаҳои шаҳр раванди корҳои лавҳаю рақамгузории биноҳои истиқоматию ғайриистиқоматиро назорат намуда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахсони масъул корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.

Субҳи имрӯз чорабиниҳои рақамгузорӣ бо насби лавҳаҳо дар 19 адад кўчаҳои маҳаллаи Якуми май ва 11 адад кўчаҳои маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳр сурат гирифт, ки бошандагони маҳалла аз ин иқдом истиқболи гарм намуданд.

Бояд қайд намуд, ки барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил қисми таркибии ҷудонашавандаи низоми омори миллии мамлакат ва яке аз сарчашмаи муҳими маълумот дар бораи аҳолӣ ба шумор меравад.

Манбаи асосии маълумот дар бораи аҳолӣ, тақсимоти он дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла дар қаламрави шаҳри Хуҷанд, ҳайати миллӣ ва забон, сатҳи маърифатнокӣ, шароити манзилӣ, фонди манзил ва ғайра мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви Созмони Миллали Муттаҳид, новобаста аз бўҳрони сиёсӣ ва молиявӣ, соли 2000 бори аввал «Барўйхатгирии аҳолӣ» ва соли 2010 «Барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро»-ро гузаронида, ба корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи навбатии соли 2020-ро оғоз намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мақсад ва зарурияти ба тартибдарории номи кўчаҳо рақами хонаҳои истиқоматӣ, ҳуҷраҳо ва биноҳои ғайриистқоматию ёрирасон дар маҳаллаҳои аҳолинишини ҳудуди шаҳри Хуҷанд, барои таъмини кори самараноки ёрии таъҷилии тиббӣ, шўъбаҳои алоқа, хадамоти садамавӣ, корхонаи манзилию коммуналӣ, расонидани хизматрасониҳои гуногун ба аҳолӣ ва гузаронидани барўйхатгирии дақиқи аҳолӣ ва фонди манзил мебошад. Аз ин лиҳоз бояд дар ҳар як маҳаллаҳо, кўчаҳо ва биноҳои истиқоматию ғайриистиқоматии шаҳри Хуҷанд лавҳаю рақамгузорӣ карда шавад.

Раёсати омори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори умедворӣ намудааст, ки маъракаи мазкур бо дастгирии сарчамъонаи шахсони масьул ва кулли мардуми шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд