(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДТТ дар шафати бинои донишкадаи мазкур лавҳаи пешгирии коррупсия насб карда шуд.

Тавре, ки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маҳмудов ҳадафи ин иқдомро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар ҳар мавриди созгор диққати аҳли ҷомеаро нисбати зарурати муборизаи дастаҷамъона ба муқобили падидаҳои номатлуб равона бояд сохт. Зеро мубориза бар зидди коррупсия танҳо дар он маврид натиҷабахш шуда метавонад, ки агар ҳар як узви ҷомеа бо падидаҳои номатлуб бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда муқовимат нишон диҳад. Танҳо дар сурати фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбати зуҳуроти коррупсионӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мо метавонем ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ноил гашта бошем.

Гуфта мешавад, ки чунин лавҳаҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии коррупсия бо зикри телефонҳои боварӣ дар тамоми гушаву канори шаҳри Хуҷанд насб карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд