(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt 41-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ баргузор гардид, ки дар он аз шаҳри Хуҷанд 130 нафар хонандагони болаёқат иштирок намуда, 42 нафар мақоми аввал, 13 нафар ҷойи дуюм ва 16 нафар зинаи сеюмро ба даст оварданд. 

Ҳамчунин 13 нафар ба Узви вобаста ва 13 нафар ба Узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳо пазируфта шуданд. Маҷмуъан дар ин сессияи Академияи хурди илмҳо муҳассилини шаҳри Хуҷанд 97 ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин миёни макотиби таҳсилоти миёнаи вилояти Суғд аст.

Президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ онро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадафи аслии чорабинӣ ҷалб ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба корҳои илмӣ мебошад. Зикр гардид, ки яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифат, фаъолияти пурсамари олимони Академияи илмҳо, муассисаҳои тадқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар самти таҳқиқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи илмҳо ва тамоми аҳли илм гузоштаанд-ин тарбияи мутахассион ва кадрҳои илмӣ мебошад. Зеро имрӯз илм, бешубҳа, ба як рукни муҳими иҷтимоӣ, манбаи арзишманд, неруи истеҳсолкунанда ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст.

Дар сессия ҳамзамон муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Қодирӣ Қосим ва дигарон ибрози андеша намуда, наврасонро барои андӯхтани илму маърифат ҳидоят карданд.

Бино ба маълумоти масъулин, дар айни ҳол 1400 нафар узви Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар сессияи навбатӣ беш аз 1000 нафар хонандагони болаёқат ва беҳтаринҳо аз макотиби таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ҳайати ҳакамон дар бахшҳои алоҳида малакаву маҳорат, эҷоди асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва навоварии хонандагонро мавриди санҷиш қарор дода, ғолибонро бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд