(1 голос, среднее 4.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt - 22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо ороиш ёфтааст;

- дар ду тарафи боғ амфитеатрҳо бо фаввораҳо сохта шудааст, ки барои гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ омода мебошанд.

- ғайр аз ин барои гаштугузор ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст.

- баҳри дилхушии кӯдакон чор майдончаи бозӣ бо насби таҷҳизоти махсус омодаи истифода мебошад. Дар масоҳати 1640 метри мураббаъ се адад майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз сохта шудааст.

- дар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад. -боғи мазкур бо ду ташноби зеризамини муҷаҳҳаз мебошад.

- Равшании боғро баъди шом зиёда аз 900 чароғаки равшанидиҳандаи барқӣ ва 6 маҷмӯи равшандиҳандаҳои галогенӣ таъмин менамоянд.

- 5700 адад дарахтону буттаҳои ҳамешасабзи кипарис, магнолия, фотиния, самшит, пихта, туя ва ғайра, зиёда аз 40 намуд, ки аз давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Италия, Испания, Франсия, Олмон ва Ҳолланд ворид гардидааст, ба ҳусни боғ латофати махсусро зам менамоянд.

- ғайр аз ин гулҳои гуногунранги мавсимӣ зиёда аз 350 ҳазор дона шинонда шудааст ва масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъи боғ сабзазор карда шудааст, ки симои боғро боз ҳам зебо мегардонанд.

- дар қисми ҷанубии боғ маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва хизматрасонӣ сохта шудааст. Гирдо гирди боғ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бо буттаҳои ҳамешасабзи фотиния, ки аз Италия ворид гардидааст, оро дода шудааст.

- барои гиромидошти хизматҳои арзанда дар соҳаи фарҳанги кишвар дар ду тарафи боғ муҷассамаи мусаввир ва накқоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова ҷой дода шудааст.