(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Нисфирӯзии санаи 10.06.2019 бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва барқчиёни шаҳр дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик”, воқеъ дар кӯчаи Шариф Раҷабови маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд насби муваффақонаи 2 адад трасформаторҳои 25 000 кВА муваффақона амалӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки зеристгоҳи нави барқии дар шаҳри Хуҷанд бо номи «Темурмалик» як сол инҷониб бо харҷи 4 миллион доллари Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид бунёд шуда истодаааст ва дар арафаи анҷомёбист. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби корхонаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” амалӣ шуда истодааст.

Дар ин зеристгоҳ 2 трансформаторҳо бо иқтидори 25 000 кВА. бо шиддати 110/10 кВТ насб гардиданд. Ин имкон медиҳад, ки кори 4 зеристгоҳи дигари шаҳрро камбор намуда, таъмини барқро муваффақона роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин ин зеристгоҳ имкон дорад, ки талафот неруйи барқро аз аз 23 то 9 фисад кам намояд.

Лоиҳаи номбурда барои системаи барқрасонии шаҳри Хуҷанд хеле муҳим аст, зеро зеристгоҳҳои мавҷудаи шаҳр дар ҳадди ниҳоии иқтидори худ фаъолият карда, бо назардошти афзудани муштариён, дигар имкони бардошти шиддати талаботи истифодабарандагони барқро надоштанд.

Дар маҷмуъ зеристгоҳи барқии нав ба беш аз 25 000 муштариён, аз ҷумла ба зиёда аз 150 000 аҳолии шаҳри Хуҷандро бо неруйи барқи хушсифат таъмин менамояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳанӯз соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи “Ваҳдат” – дар соҳили чапи шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуда буд.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд баҳри саҳм гузошта ба яке аз самтҳои страгии Давлату Ҳукумат - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гомҳои устувор гузошта мешаванд. Маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикорот ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ карда шуд ва он бо муваққият анҷом ёфт. Ин лоиҳа имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ шуда, талафоти неруйи барқ паст ва шиддатнокии беҳтар карда шуд. Ин иқдом пеш аз ҳама аз ҷониби муштариён истиқболи гарм пайдо намуд ва истифодаю пардохти барқ низ оқилонаву мақсаднок амалӣ карда шуда истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд