(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Нашриёти “Нури маърифат” монографияи доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиевро таҳти унвони “Ҷавонони Тоҷикистон – пешсафи ҷабҳаи фарҳанг” бо забони русӣ: “Молодежь Таджикистана – авангард культурного фронта” ба нашр расонд.

Асар ба иштироки ҷавонон дар татбиқи инқилоби маданӣ бахшида шудааст. Боби аввали китоб саҳми комсомолону ҷавононро дар маҳви бесаводӣ, ҷорӣ намудани таълими умумии ҳатмии ибтидоӣ, тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дарбар мегирад.

Боби дуюми асар фарогири фаъолияти сиёсӣ-маърифатии ташкилотҳои комсомолон ва ҷавонон мебошад.

Мавқеи хосаро боби сеюми монография ишғол менамояд. Дар боби мазкур нақши адибони насли комсомол – М.Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ғанӣ Абдулло ва дигарон дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик инъикос гардидааст.

Ҳамзамон дар зербоби алоҳида мақоми комсомолону ҷавонон дар ташаккул ва рушди театри касбӣ ва санъати кинои тоҷик нишон дода шудааст.

Китоб ба доираи васеъи хонандагон манзур гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд