(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии Иди саиди Фитрро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи Шумо ҳамдиёрони арҷманд муборакбод намуда, ба хонадонатон осоишу ободӣ, саодати рўзгор, имону ибодати комил ва тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.

Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накўкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат ва дигар амалҳои хайру созандаро дар худ ифода кардааст. Ин суннати муҳим дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ҳамасола пас аз як моҳи ниёишу мағфират, покшавии ҷисму рўҳ ва накўкорию савобҳо бо хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.

Бо шарофати истиқлолияти кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар аксари мулоқотҳои худ таъкид мекунанд, ки дар шароити давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имрўз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро, бахусус, доир ба тарғиби дўстиву муҳаббат ва кўмаку дастгирии байниҳамдигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.

Тавре бузургони мо таъкид кардаанд, аз ҳама савоби бештар дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматӣ буда, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи Акбар зиёдтар аст.

Боиси хушнудист, ки мардуми Хуҷандшаҳр аз ҳамаи ин фазилатҳои бузургонамон огоҳии амиқ дошта, чун анъана дар рўзҳои моҳи табаррук дастгирии мўҳтоҷону ниёзмандон дар шаҳр аз ҷониби саховатмандону хайрхоҳон дар сатҳи баланд қарор дорад. Ин аст, ки садҳо ҳамдиёрони арҷмандамон дар радифи маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кўдакони ятиму бепарастор дар арафаи ин Иди суннатӣ бо маводҳои хўрокаву кўмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифта шуданд.

Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рўзҳои ид чашми умед сўи мо дўхтаанд, қарзи инсонии ҳар фарди худоҷўй ва инсондўст аст, ки ин гуна дастгириҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Ҳамзамон бояд қайд намоям, ки таҷлили ин иди суннатии аҷдодиамон имсол ба даврае рост омад, ки дар саросари кишвари азизамон корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза гирифта, дар ин радиф дар ҳудуди шаҳр садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва истеҳсолию саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заминаи воқеӣ гузошт.

Инчунин дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву тозагӣ дар маҳаллҳо низ вусъат дода шуда, аз ҷониби сокинони шаҳр бо доир намудани шанбегиву ҳашарҳои умумишаҳрӣ дар тозагиву ободонии масҷиду оромгоҳҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи хуҷандшаҳр минбаъд низ суннатҳои волои инсондўстиву сулҳпарварии аҷдодонамонро идома бахшида, барои ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як сокини мамлакат саъю талош менамоянд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумоёнро бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр табрик намуда, бароятон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рўзгори ободу босаодат ва ризқу рўзии фаровон орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд