(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани симои маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандон, ҳамчунин пешниҳод кардани хизматрасониҳои босифат барои сокинону меҳмонон истгоҳҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 1 адад истгоҳи муосири нақлиёти ҷамъиятӣ дар маҳаллаи Себзор мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Заррина Болтуева мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, мағозаи фурӯши маҳсулотҳои ширкати «Добрый фермер» ва ғайраҳо иборат мебошад. Дар истгоҳ инфрасохтор аз қабили ҷой барои таблиғ, пайвасташвиӣ ба шабакаи Интернет тариқи Вай- фай имконпазир гардидааст.

Тибқи иттилои масъулини сохтмон, зимни бунёди истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ истифода шудааст. Ҳудуд ва атрофи истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин ба таъмини хизматрасонии босифат мусоидат хоҳад кард. Таъкид гардид, ки дар маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд сохтмони 5 адади дигар чунин истгоҳҳо ба нақша гирифта шудаанд, ки он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Заррина Болтуева марҳила ба марҳила сохта ба истифода дода мешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сокинони маҳалларо бо бунёди истгоҳи замонавӣ таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ин иқдоми неки соҳибкори ватанӣ шоистаи таҳсин аст.

Шаҳрдор ба масъулини дахлдор супориш дод, ки ба ободонии атрофии истгоҳ ва чароғонкунии муосири он низ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар ҳамин ҷо ба 100 нафар ниёзмандони маҳаллаи Себзор маҳсулотҳои ширкати «Добрый фермер» тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд