(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Аҳли заҳмати Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳиссагузорӣ ба ободии шаҳри бостонии як қисми роҳи кӯчаи Сангинбой Полвоновро, ки беш аз 300 метри мурабаъро ташкил медиҳад, бо дарозии зиёда аз 60 метру бо сарфи 22 ҳазору 500 сомонӣ мумфарш карданд.

Роҳбарияти Маркази Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд таъкид намуданд, ки ин тадбир дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу хуррамнамоии кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳри Хуҷанд амалӣ гардида истодааст ва ин иқдом дар моҳи шарифи Рамазон фазилати неку савоб арзёбӣ мегардад.

Воқеан ҳам ободии шаҳр, аз кӯчаву маҳал ва коргоҳҳо оғоз шуда, маҷмуъан ба ободии кулли он оварда мерасонад. Ва ин тадбири муҳими созандаи Марказ бояд ба идораву ташкилотҳои шаҳр новобаста ба шакли моликият намунаи ибрат бошад.

Дар як фосилаи кӯтоҳ Маркази назорати санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ободу зебо гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд