(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ дар боғи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳр аз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1-уми июн таҷлил карда шуд.

Дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ” гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, бозиҳои варзишӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби вилоят – ғолибон ва иштирокдорони озмунҳои “Техникони наврас”, “Бозёфт”, “Дастони моҳир”, “Шаҳри ояндаи ман”, “Ихтироъкори беҳтарин”, аъзои маҳфилҳои адрасбофӣ, гилембофӣ ва гулдӯзӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки меҳмонон аз он дидан намуданд.

Дар расмикушоди чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ баромад намуда, номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла қайд шудааст: «Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад. Ба ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Боиси қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи насли наврас ва дар ин замина ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда, ба нақша гирифтааст, ки то таҷлили ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тақвият бахшида шавад.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар партави ин дастури созанда ба рушди муассисаҳои томактабӣ, таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон, фарогирии теъдоди бештари онҳо ба муассисаҳо таваҷҷуҳу эътибори зарурӣ равона намудааст. Айни ҳол, дар ҳудуди вилоят 263 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 203 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 47 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 42710 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд».

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни табрикоти худ аз ҷумла қайд кард, ки воқеан ҳам, Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон, ки ҳамасола санаи 1 июн таҷлил мегардад, дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дошта, ҳанўз 70 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналми-лалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост ва мо онҳоро бояд дўст дорем, меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кўдакон ҷой диҳем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд. Аз ин рў, дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ фаро гирифта шуда, махсусан ба кўдакони ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса бештар зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат борҳо дар баромадҳояшон изҳор доштанд, ки «Ман ба кўдакони ятиму бепарастор ва маъюбон муроҷиат карда изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».

Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ҳамеша ба оилаҳои камбизоат ва кўдакон, махсусан ба кўдакони ниёзманду сиҳатиашон коста ғамхории муттасил ва сарпарастӣ карданро дар мадди назари аввал қарор дода, онҳо пайваста бо кўмакҳои моддию молиявӣ дастгирӣ ёфта истодаанд. Дар шаҳр барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, то имрўз ҷиҳати таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон ва баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ шуда, тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо адад чунин иншооти гуногуни иҷтимоӣ сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки кўдакони азизи мо ҷавобан ба ин ғамхориву дастгирии давлату Ҳукумат ҳамчун ворисони арзандаи миллати хеш ба воя расида, дар оянда баҳри гулгушукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузорӣ хоҳанд кард.

Сипас, бо иштироки кӯдакону наврасон барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода хоҳад шуд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар ин чорабинии идона хонандагони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳо, ятимони кулл ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ низ иштирок намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд