(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Чанд лаҳза қабл бозии даври ниҳоии дастаҳои литсейи физикӣ-математикии№1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва гимназияи №4 барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба футбол сурат гирифта, ба фоидаи дуввумин анҷом ёфт.

Мусобиқаи мазкур байни дастаҳои мунтахаби муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба футбол аз санаҳои 27 то 31 майи соли ҷорӣ сурат гирифт. Дар мусобқаи мазкур 16 даста бо фарогирии 156 нафар футболбозон иштирок намуданд. Ҳамин тавр, ҷойи 1-умро дастаи гимназияи 4, мақоми дуюмро литсейи физикӣ-математикии№1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва зинаи сеюмро гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил ишғол намуданд.

Ба ғолибони мусобиқа, аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд, медал ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд