(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи Озодии маҳаллаи Чорчароғ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки маъракаи густурдаи мумфаршкунии кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳри Хуҷанд аллакай оғоз гардида, дар кӯчаҳои маҳаллаҳои 1 май, Чашмаи Арзана, Сайҳун ва ғайраҳо бомаром идома дорад. Таҷдиду азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, бо харҷи маблағҳои буҷавӣ, саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ он вусъат дода мешавад. Таъкид шуд, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд мумфарш мегарданд.

Раиси вилоят гуфт, ки рӯзҳои наздик мумфаршнамоии кӯчаҳои байни микроноҳияҳои 8-12 ва Фирдавсӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз иқдоми амалинамудаи сокини маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд Шуҳратҷон Холматов, ки 450 метри квадратӣ тангкӯчаи роҳи манзили хешро мумфарш намудааст, тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки чунин амалҳои хайру савоб бояд дар шаҳр бештар роҳандозӣ карда шавад.

Бо дуи неки пирони дил ба мумфаршкунии кӯчаи Озодӣ ҳусни оғоз бахшида шуд, ки тӯли он 2 километрро ташкил медиҳад.Иттилоъ дода шуд, ки корҳои мумфаршкунӣ аз ҷониби Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд амалӣ карда мешавад.

Дар маҳаллаи Чорчароғ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи чойхонаи Кӯпруки баланд ва кӯдакистони №1 ошноӣ пайдо намуд. Зимни шиносоӣ бо вазъи чойхонаи Кӯпруки баланд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва фаъолони маҳалла дастур дод, ки чойхонаро таъмири кулл намуда, ба истифодаи васеъи мардум диҳанд. То ин, ки анъанаҳои чойхонадории маҳалла аз нав эҳё карда шавад. Мӯйсафедони маҳалла зимни сӯҳбат бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз иқдомҳои созандагиву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳз бо самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими сулҳу Ваҳдат сатҳи зиндагии мардум боло бурда шуд ва симои шаҳри Хуҷанд ба куллӣ дигаргун гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода аз сокинони маҳалла даъват ба амал овард, ки дар амалҳои хайру савоб ва ободии кӯчаву маҳалла фаъолонокӣ зоҳир намуда, хонаву дари худ ва танкӯчаҳои хешро ободу чароғон намоянд.

Ба ашхоси камбизоату ятиму нодор дасти мадад дароз кунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар арафи Иди саиди Фитр ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар назди майдони Камоли Хуҷандӣ ташкил карда мешавад, то ин ки дастархонаи идонаи мардум бо анвои арзону дастрас ғанӣ гардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин ҷо ҳамзамон бо фаъолияти кӯдакистони №1-и маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ҷиҳати тармиму таҷдиди ин муассисаи томактабӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Роҳбари вилоят кӯдаконро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак таҳният гуфта, барояшон туҳфаҳо тақдим намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд