(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии кӯчаи ба номи Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ин тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пиёда мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки ҳар як иқдоми созандаи амалишудаистодаи Давлату Ҳукумат баҳри зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ шудааст. Имрӯзҳо дар шаҳри бостонии Хуҷанд силсилаи зиёди корҳои бунёдкорӣ дар тамоми ҷабҳаҳо бовусъат идома дорад. Бунёд ва азнавсозии мактабу кӯдакистонҳо, боғҳои истироҳатию фарҳангӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи боназардошти санъати меъмории миллӣ, мумфаршкунӣ ва чароғоннамоии кӯчаву таннгкӯчаҳои шаҳр ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин амалҳои созандагӣ арзёбӣ мегардад.

Раиси вилоят аз фаъолони шаҳр даъват ба амал овард, ки бо азму иқдомҳои созандагӣ дар канори роҳбарияти шаҳр қарор гирифта, шаҳри бостонии Хуҷандро боз ҳам зебову мунаввар намоянд.

Сокинони маҳалла аз ин иқдоми Давлату Ҳукумат изҳори хушнудӣ намуда, сипосгузории хешро баён намуданд.

Сипас, бо дуои неки пирони барнодили маҳаллаҳои Навбаҳр ва Чашмаи Арзана ба мумфаршкунии кӯчаи ба номи Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр ҳусни оғоз бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби ширкати роҳсозии «Тоҷроуд» ба анҷом расонида мешавад. Дарозии роҳ беш аз 3 километр буда, паҳноии он то 11 метр аст. Маблағи умумии мумфаршкунии роҳи мазкур беш аз 3 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини роҳсозӣ ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои мумфаршкунӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба таҷдиду азнавсозии кӯчаи ба номи Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуда буд. То имрӯз, як қатор корҳои инфрасохтории иншоот, аз ҷумла канори роҳҳо бо ҷӯйбори обгузар, чароғоннамоӣ, пайроҳагардӣ дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки маҳаллаи Чашмаи Арзана аз маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд арзёбӣ гардида, дар он наздик 7 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд