(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Мулоқотро ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ карда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мавриди созгор диққати аҳли ҷомеаро нисбати зарурати муборизаи дастаҷамъона ба муқобили падидаҳои номатлуб равона месозанд. Мубориза бар зидди коррупсия танҳо дар он маврид натиҷабахш шуда метавонад, ки агар ҳар як узви ҷомеа бо падидаҳои номатлуб бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда муқовимат нишон диҳад. Танҳо дар сурати фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбати зуҳуроти коррупсионӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мо метавонем ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ноил гашта бошем.

Дониёр Шомаҳмадович –дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии ДМТ перомуни баъзе омилҳои коррупсионӣ дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ , Шоира Матаваллиён – майори адлия, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба мазмуну муҳтаво ва ҳадафи Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020, Шўҳратҷон Абдуллозода – сардори шуъбаи раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба пешгирии гардиши ғайриқонқнии маводи мухаддир ва Ҳотам Маҳмудов – собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи МИҲД шаҳри Хуҷанд баромад намуданд.

Зимни суханрониҳо зикр гардид, ки амалҳои коррупсионӣ, ҳодисаҳои террористиву экстремистӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки ба пешрафти давулату ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Бинобар ин даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри муқовимат бо ин падидаҳои хатарзо тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд муборизаи дастаҷамъона баранд.

Дар қатори баргузории чорабиниҳои мухталиф, ҷиҳати муқовимат бо падидаҳои номатлуб доир намудани озмунҳои мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Ояндаи ҷомеа дар дасти туст, ба коррупсия муқовимат намо!” байни донишҷӯёни донишгоҳ ва расми беҳтарин дар мавзӯи “Коррупсия аз нигоҳи ман” миёни хонандагони Литсейи ДДҲБСТ аз тадбирҳои муфид буд, ки дар интиҳо натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардид.

Ғолибони озмунҳои мазкур бо мукофотҳои пулӣ ва Ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд