(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТМУ 27 ба номи Пӯлод Атаеви шаҳри Хуҷанд маҳфили идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар маҳфил аз ҷониби муҳассилини ин боргоҳи маърифат маърӯза, шеъру суруд ва таронаҳои дилангез дар васфи Ватан, миллат, Пешвои миллат, ҷавонӣ ва ғайра манзури ҳозирин гардонида шуд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад» Ҷавонон қишри серҳаракати ҷомеа, қувваи пуриқтидори меҳнат ва кафили асосии оромии мамлакат буда, барои давлат неру, захираи тавоно ва афзалиятноки инсонӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доранд.

Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Зулфия Умарова ба сатҳи ташкилӣ ва сифати чорабинӣ баҳои баланд дода, ҳамагонро бо рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Сарвари МТМУ 27-и шаҳри Хуҷанд Манзура Ёрматова маҳфили идонаро ҷамъбаст намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Дар ҷабҳаҳои фаъолияти раъиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар меҳвари асосӣ қарор гирифтааст. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша нақши арзишманди ҷавононро дар бунёди ҷомеаи имрӯза баён дошта, онро чун қувваи бузурги такондиҳанда дар ҳамаи соҳаҳо арзёбӣ менамоянд. Ин эътимоду назари неки Пешвои миллат ҷавононро ба сӯи оянда, фардои дурахшон ва ҳадафҳои наҷибу созандаи давлатдориямон рӯҳбаланду дилгарм месозанд. Дар низоми сиёсии ҷомеа ин ҳолат бозгӯи он аст, ки такя намудан ба ин қишри устувор, тобовар, фаъол ва серҳаракати иҷтимоӣ далели роҳи давлатсозии муваффақи Пешвои муаззами миллат ва халқи шарифи Тоҷикистони азиз мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд