(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Чанд лаҳза қабл дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» баргузор гардида, дар он аз миёни 3 нафар довталаб муаллимаи фанни забони англисии литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Каримова ғолибият ба даст овард.

Дар озмун дар баробари Дилафрӯз Каримова ҳамзамон Наргиза Ҷаллолова, омӯзгори фанни забони англисии гимназияи №24 ва Дилафрӯз Иброҳимова, муаллимаи фанни математикаи МТМУ №14 аз рӯйи 7 шарт: кор бо компутер ва тахтаи электронӣ, дарси намунавӣ, соати тарбиявии беҳтарин, маҷлиси синфӣ, саволҳои сиёсӣ, муаррифии фаъолияти корӣ, саволҳои фаннӣ бо ҳам дар рақобат шуданд. Довталабони озмун бо дониш ва малакаву истеъдоди хеш сарбаландона ҳамаи шартҳои озмун иҷро намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамот муаллимаи фанни забони англисии литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Каримова бо холҳои зиёд ғолибият ба даст овард. Наргиза Ҷаллолова, омӯзгори фанни забони англисии гимназияи №24 ва Дилафрӯз Иброҳимова, муаллимаи фанни математикаи МТМУ №14 мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.

Раиси ҳакамоти озмун, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева озмунро натиҷагирӣ намуда, иттилоъ дод, ки озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба касби омӯзгорӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи ӯ ва дарёфти соҳибистеъдодҳо ташкил гардидааст. Дар даври шаҳрии озмун 21 нафар омӯзгорон иштирок намуда, аз онҳо 8 нафарашон ба даври навбатӣ роҳ ёфта буданд. Ҳамин тавр, муаллимаи фанни забони англисии литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Каримова ғолиби даври шаҳрии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуда, барои иштирок дар озмуни вилоятӣ ҳуқуқ пайдо намуд.

Ба ғолиби озмун аз ҷониби мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева дипломи дараҷаи 1 ва роҳхат ба озмуни вилоятӣ супорида шуд. Ҳамзамон ба ғолибони мақомҳои дуюм ва сеюм низ диплому тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. Ба 8 нафар иштирокчиёни даври дуюми озмун низ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд