(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Се лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ба даври ниҳоӣ пешниҳод гардидКомиссияи муайян намудани «Нишони шаҳри Хуҷанд» ҷаласаи навбатии худро доир намуд. Ин навбат ҳайати комиссия зиёда аз 100 лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд»-ро бо назардошти фикру пешниҳоди ҳайати комиссия, ки дар ҷаласаи гузашта баён шуда буд манзур намуданд.

Ба ҷаласаи мазкур 15 нафар рассомони ҷавон ва касбӣ лоиҳаи нишони шаҳрро барои баррасии аъзоёни комиссия пешниҳод карданд.

Баъди муҳокима комиссия ба хулоса омад, ки се лоиҳа барои коркарди ниҳоӣ ба муаллифон баргардонда шуда,тавсия гардид, ки давоми як ҳафта ба ҷаласаи  ниҳоии пешниҳод гардад.

Лозим ба ёдоварист,ки комиссияи мазкур тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 15 ноябри соли 2013 № 690 «Дар бораи озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» таъсис дода шуда он аз 20 нафар иборат аст.