(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мумфаршкунии кӯчаи Петр Чайковскийи маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ дар назди бошандагони маҳаллаи 1-ми май ва фаъолони шаҳр иброз дошт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи ободонию созандагӣ эълон шудааст ва ба ин муносибат дар шаҳру навоҳии вилоят беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун, аз қабили мактабу беморхона, чойхона, корхонаҳои саноатӣ, майдончаҳои варзишӣ, кошонаи ҳусн, маркази савдо, ҳаммохона, мумфаршкунии роҳҳо, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ, чароғонкунӣ ва дигар амалҳои созандагӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, соҳибкорон, ашхоси хайрхоҳ ва ғайра сохта ва ба истифода дода мешаванд. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд низ корҳои бунёдкорӣ авҷи тоза гирифта, то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 иншоот сохта ба истифода дода мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳри хуҷанд даъват ба амал овард, ки дар якҷоягӣ шаҳри бостонии Хуҷандро боз ҳам ободу зебо ва хуррам намоянд. Барои мардум шароити беҳтарини зиндагиро муҳайё созанд.

Раиси вилоят гуфт, ки соли ҷорӣ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфаршкунии се кӯчаи асосии шаҳри Хуҷанд: Фирдавсӣ, роҳи байни микроноҳияҳои 8-12 ва роҳи асосии маҳаллаи Чашма ба пуррагӣ мумфарш карда мешавад. Ҳамчунин бо ҷалби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд кӯчаю тангкӯчаҳои шаҳр марҳила ба марҳила мумфарш мегарданд.

Мардум аз ин иқдоми Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори хушнудӣ намуда, арзи миннатдорӣ баён намуданд. Сипас, аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии кӯчаи Петр Чайковскийи шаҳри Хуҷанд расман оғоз гардид.

Бояд қайд намуд, соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд 35,8 км таъмири роҳҳои автомобилгарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохилии маҳаллаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд