(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд озмунҳои шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд. Ҳамин тавр, дар озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони "Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон" хонандаи синфи 10-и МТМУ №15 Фотима Юсупова, дар озмуни иншои беҳтарин "Ҷавонон бо Пешвои миллат ифтихор доранд" толибаи синфи 11 Умеда Абдуллоева, дар озмуни расми беҳтарин "Тоҷикистон макони..." муҳассили синфи 10 МТМУ №28 ва дар озмуни "Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз" хонандаи мактаби хусусии "Файз" мақомҳои аввалро соҳиб гардиданд.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравиро мудири шуъбаи маорифи Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева ва мутахасиси бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров тақдим намуданд.

Ҳамзамон барои иштироки фаъолона як қатор хонандагон ва маъмурияти МТМУ №23 бо ифтихорномаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд сарфраоз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд