(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода бо роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, аъзои Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва ғайраҳо сурат гирифт.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки нишасти мазкур бо мақсади иҷрои банди 20-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми январи соли 2019 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2019 ҷиҳати ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани номҳои воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва вазъи табдили тағйири номҳои ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳо ва дигар масоили рӯзмарра баргузор мегардад.

Сипас, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ва талаботи қонунгузорӣ ҳар якеи моро водор месозад, ки меъёрҳои муайяннамудаи забони давлатиро иҷро намоем. Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Гавҳар Шарофзода таъкид дошт, ки дар дунё зиёда аз 7100 забонҳо мавҷуд буда, аз онҳо танҳо 100 ададашон мақоми давлатӣ гирифтаанд, аз ҷумла забони тоҷикӣ. Ҳамчунин забони тоҷикӣ дар раддабандии забонҳои дунё дар миёна 7100 адад дар зинаи 23-юми ҷой гирифтааст. Имрӯз бо забони тоҷикӣ беш аз 400 миллион нафар сокинони сайёра гуфтугӯ менамояд. Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.

Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ҳазамон доир ба ҳолати навиштаҷоти овезаҳои таблиғотӣ,номгузории мағозаву дӯконҳои тиҷоратӣ, забони расонаҳои хабарӣ, реклама ва ғайра изҳори андеша намуда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби иштирокорони саволу пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд