(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар маркази саломатии №2-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз хавфи фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгарою экстремистӣ ва амалинамоии барномаи муқовимат ба коррупсия “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” мулоқоти судманд баргузор гардид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ доир ба хатарҳои рӯзафзуни замони муосир терроризм ва экстремизм баромад намуда, онро ҳамчун вабои аср на танҳо таҳдид ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра унвон намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳифзи ҷавонон аз чунин гурўҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту озодихоҳ мебошад. Имрўз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд, ки «Терроризм ва экстремизм - ватан, забон, миллат, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле мебошад, ки ба муқобили он тамоми сохторҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бояд якҷоя мубориза баранд.

Мавсуф таъкид дошт, ки дар раванди авзои сиёсии минтақа, кўшишҳои азнав тақсимкунии ҷаҳон, ҷаҳонишавӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархўрди манфиатҳои тамаддунӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба кибертерроризм торафт шиддат гирифта истодааст. Бо ин сабаб, яке масъалаҳои доғдори руз–«терроризм ва экстремизм» дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман афрохта, хатари бузурги иҷтимоиро ба миён овардааст ва барои амнияти давлатҳои минтақа воқеан таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Роҳбарони ташкилотҳои террористӣ маҳз сатҳи диндории мардум, ҷаҳонбинии ташкилотҳои пасти сиёсии онҳоро ҳамчун замина истифода бурда, ғояҳои ифротиро ба мафкураи мардум ворид месозанд. Кўшиш мекунанд, ки онҳоро идора намоянд ва манфиатҳои худро ба воситаи мардуми гумроҳ амалӣ созанд. Дар ин ҷода, бештар ба дастгирии мулоҳои худкома, ашхосе, ки дар таълимгоҳҳои давлати исломӣ ғайрирасмӣ ва дар назди руҳониёни эътирофнашуда таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд, такя мекунад. Сарфи назар, аз тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва мақомотҳои босалоҳият дар доираи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, солҳои охир андешида шуда, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфта, боиси ташвиши ҷомеа ва Ҳукумати кишвар гардидааст. Дар гўшаҳои гуногуни олам фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузоришаванда ба мушоҳида мерасад, ки аҳли башарро ором намегузорад.

Сипас, Ҳотам Маҳмудов, намояндаи Мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир ба нуктаҳои асосии Барномаи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” барои иштирокдорони ҷаласа маълумот дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд