(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳр оид ба татбиқи амалии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ва нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Аз ҷумла баҳри роҳандозии барномаи зикргардида дар МТТ№32-и шаҳри Хуҷанд дар гуруҳҳои калон ва омодагӣ ба мактаб омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади санҷиши дониши кӯдакони гуруҳи омодагӣ ба мактаб дар ширхоргоҳ кӯдакистони №32-и шаҳри Хучанд озмун таҳти унвони «Весёлые ребята» бо иштироки 22 нафар тарбиятгирандагон ташкил ва гузаронида шуд.

Озмун аз рӯйи 5 шарт баргузор шуд, ки кӯдакон ҳар як шарти онро моҳирона иҷро намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чорабинии мазкур таҳти раҳнамоии мураббияии кӯдакистони №32 Заррина Ёқубова дар сатҳти баланди ташкилӣ гузашт.

Ба иштирокдорони озмун туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Маъмурияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ баргузор гардидани чунин озмунҳоро ба манфиати рушди камолоти кӯдакон унвон намуда, ҳамчунин таъкид доштанд, ки он ба ташаккули нутқу сухандонии тарбиятгирандагон мусидати фаъол хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд