(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд нишасти 173-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» доир гардид, ки он ба 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ бахшида шуда буд.

Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки маҳфили навбатӣ дар Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардида истодааст ва дар ин ҷо нафароне ҳузур доранд, ки дар бунёди давлати соҳибистиқлоли мо саҳми худро гузоштаву гузошта истодаанд. Санаи 20-уми май милоди умри устодони бузурги назми тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат аст. Ин рӯзҳои неку хотирмонро ба аҳли дилу аҳли назар муборакбод гуфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён Амонзода ба сухан баромада, пеш аз ҳама, аҳли ҳузурро бо Рӯзи оила табрик намуд ва барояшон ишқу муҳаббат ва меҳру садоқати оилавиро орзу кард.

Матлубахон Сатториён зикр намуд, ки КИ ҲХДТ дар вилоят пайваста бар он мекӯшад амалҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама ҷабҳаҳо пайравӣ ва роҳандозӣ намояд ва дар ин радиф дар пешрафти илму адаб саҳми худро гузорад. Дар ин замина, дар ҳамдастӣ бо Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, МИҲД-и вилояти Суғд ва телевизиони вилоят дар баргузории чорабиниҳои гуногун саҳми худро мегузорад. Таъкид гардид, Кумиҷроияи вилоятӣ барои баланд бардоштани маънавиёти мардум ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мавсуф афзуд, ки мавҷудияти маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” яке аз корҳои муҳим ва муассир дар амалӣ намудани сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат мебошад.

Роҳбари КИ ҲХДТ дар вилоят гуфт, ки ин маҳфил бо дастгирии МИҲД-и вилоят, шахсан Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нишастҳои худро дар соли равон бо барномаҳои ҷолиб рӯи кор овардааст ва як самти он аз бузургдошти ашхоси таърихист. Ёдбуди устод Лоиқ дар ин рӯзҳо гувоҳи он аст, ки шахсият ва осори ин абармарди шеъру адаб барои аҳли кишвар азиз аст. Ӯ устод Лоиқро шоири нотакрор унвон карда, эҳтироми ашъори безаволашро эҳтироми миллат номид.

Сипас, Аҳмадҷони Раҳматзод – Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз хотираҳои хубу гуворои ҳамкориву дӯстӣ доштанаш бо Лоиқ ҳарф зад.

Муаррифии муҳимтарин сарчашмаву адабиёт оид ба рӯзгор ва осори Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аз ҷониби Боҳир Раҷабов – номзади илмҳои филология сурат гирифт.

Мулоҳизаҳои хешро перомуни сабки ашъори устод Лоиқ Маҳмудзода Мисбоҳиддин Нарзиқул – доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баён кард.

Дар доираи маҳфил озмуни “Донандагон ва хонандагони ашъори Лоиқ” барои гирифтани ҷоизаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷамъбаст карда шуда, ғолибон қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ба 16 нафар ҷавонони фаъол дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов ва муҳаррири телевизиони Суғд Лолаи Иброҳим бо медали ҷашнии “25-солагии ҲХДТ” мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин, ба баромадкунандагон тӯҳфаҳои Раиси вилоят супорида шуд.

Суруду оҳангҳои дилнавоз бар матни Лоиқ Шералӣ аз ҷониби сарояндагони хушовоз табъи иштирокчиёни маҳфилро болида сохт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд