(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар муассисаи таҳсилоти томактабии № 26-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби мураббияи гуруҳи омодагӣ ба мактаб Саодат Ҷӯраева бо кӯдакон машғулияти комплексӣ ташкил карда шуд.

Дар машғулияти номбурда кӯдакон аз таълими савод, ташаккули тасаввуроти оддитарини математикӣ, инкишофи нутқ, адабиёти бадеӣ, фаъолияти мусавварӣ, мусиқии зинда, нақшофарӣ бархӯрдор гардиданд. Методҳои салоҳиятнокӣ, интерактив, инноватсионӣ хуб ба роҳ монда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мураббия бо маҳорати баланд ҳам бо забони русӣ ва ҳам бо забони англисӣ ба кӯдакон таълим медиҳад.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар машғулият иштирок намуда, онро баҳогузорӣ карданд. Таъкид шуд, ки дар самти татбиқи амалии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар муассисаи таълимии томактабӣ пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити педагогию психологӣ баҳри рушди қобилият ва завқи кўдакони синни томактабӣ дар омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла бо кўдакони болаёқат дар асоси ба инобат гирифтани нерўи зеҳнӣ ва малакаи забондонии онҳо зарур мебошад. Хушбахтона амалишавии барнома натиҷаи дилхоҳро дар муассисаҳои томактабии шаҳр ба даст овардааст ва дар раванди дуруст дарк ва қабул кардани нутқ дар омўхтани забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳудуди мавзўи тавсиягардида ва ҳолату мавриди сухангўйии кўдакон пешравиҳо ба назар мерасанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд