(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар муассисаи таҳсилоти томактабии № 40-и шаҳри Хуҷанд ду машғулияти намунавӣ аз омӯзиши забони англисӣ бо мураббия Фарангис Мавлонова ва забони русӣ мураббия Насиба Самадова дар гуруҳҳои омодагӣ ба мактаб ташкил ва гузаронида шуд.

Мавзуи омӯзиши забони англисӣ иборат аз шиносоӣ бо шаклҳои геометрӣ ва мавзуи омӯзиши забони русӣ шиносоӣ бо муҳит буд.

Мураббияҳои номбурда дар ҷараёни таълим ашё ва айёниятҳои мувофиқ ба мавзуъро истифода намуданд. Ҳамзамон кӯдакон фаъолнокии хешро дар машғулият нишон доданд. Ба саволҳои матраҳгардида ҷавобҳои амиқу дуруст дода шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни машғулият бозиҳои дидактикӣ ва лаҳзаҳои дамгирӣ мувофиқи мақсад гузаронида шуд. Суруду мусиқӣ ва воситаҳои техникии таьлим, тахтаҳои таълимии омӯзишӣ ба сифати машғулият мусоидат намуд.

Намояндагони шуъбаи маорифи Хуҷанд ба машғулиятҳо баҳои баланд доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд