(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Назди иншоотҳои варзиширо ниҳолҳои сояафкан ва садбарги сафед оро хоҳанд додДар асоси дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва бахшида ба «Соли гулкорӣ ва ободкорӣ», ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд эълон гаштааст, маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободкорӣ ривоҷ мегирад. Дар гулгашти варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода боз 200 бех ниҳоли сояафкани «ардач» шинонда шуд.

Ниҳолҳои мазкур 5-6 сола буда, ду тарафи кӯчаи иншоотҳои варзишии шаҳри Хуҷанд- Қасри варзиш, Корти тенннисӣ, ҳавзи шиновариро оро хоҳанд дод.

То санаи 10 март дар кӯчаю гулгаштҳои маркази вилоят наздик 20 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва 2 миллион дона гулбуттаи гуногун аз қабили лола, садбарги сурху сафед,гулҳои ороишии маҳаллӣ ва ғайраҳо шинонда мешаванд. Назди иншоотҳои варзиширо ниҳолҳои сояафкан ва садбарги сафед оро хоҳанд дод

Раиси шаҳри Хуҷанд ба кормандони идораи ободонӣ дастур дод, ки барои нашъунамои саривақтии ниҳолхо кормандони масъул барои ҳар минтақа вобаста карда шуда, ғизодиҳии ниҳолу гулбуттаҳоро тибқи нишондоди мутахаасисон ба роҳ монанд.