(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар майдони “Ситораҳои шаҳри Хуҷанд” бо иқдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Сарчашма» аксияи шаҳрӣ таҳти унвони «Устувории оила мароми мост» дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардид.

Дар аксия фаъолзанон, оилаҳои ҷавон ва намунавӣ, ҷавондухтарон, раиси Шӯрои занони маҳаллаҳо, раиси шурои занону духтарони донишгоҳҳо, коллеҷу макотибҳои миёна, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раиси занони ҲХДҶТ дар шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар майдони чорабинӣ гўшаи аксбардорӣ барои расмгирии оилаҳои ҷавон ва намунавӣ ташкил карда шуд.

Сараввал чорабиниро мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ифтитоҳ карда, оид ба мақсаду мароми баргузории чорабинӣ ҳарф зада, ҳамагонро бо Рӯзи оила муборакбод намуд.

Таъкид гардид, ки мақсади баргузор намудани аксияи мазкур татбиқи Қарори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30.12.2015 сол, № 801 ҷиҳати тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон мебошад.

Сипас, занони фаъоли шаҳр, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Сарчашма» ва дигарон оиди мақоми оила, анъанаҳои хуби оиладорӣ, гиромидошти оилаи муосир, бунёди оилаи мустаҳкам ва тарбияи фарзанд дар оила сухан карданд.

10 чуфт оилаҳои намунавии шаҳри Хучанд, ки собикаи аз 10 то 55 соли ҳамзистии оилавӣ доранд, бо сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қадршиносӣ гардиданд.

Дар фарҷом аз ҷониби волонтёрони шуъба ба ширкатчунандагони чорабинӣ варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳои маърифатӣ тақсим карда шуд. Оилаҳои ҷавон ва намунавии шаҳр дар назди гўшаи аксбардорӣ расмгирӣ намуда хотираи худро болида намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд