(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Рўзи байналмилалии оиларо ба кулли сокинони шаҳр аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, бароятон рўзгори ободу осуда ва устувории бинои оиларо таманно менамоям.

Бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд. Оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад. Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси ишқи пок ва садоқату вафодорӣ устувор аст. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову мадоро мавқеи муҳим дорад.

Мақоми оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хоса дошт.

Мо тоҷикон соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошем, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дар бар мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Бидуни оилаҳои мустаҳкаму муқтадир ҷомеаи беолоиш вуҷуд дошта наметавонад. Дар навбати худ, оилаҳои ба мисоли садди искандарӣ пойдору нерўмандро фақат наслҳои рустамсифати филтан ва ба сони Гурдофарид соҳибҷамолу таҳамтан созмон доданашон мумкин асту бас. Оре, аз падару модарон ва тифлакони зебою солеҳи эшон солимии оила таъмин мешавад ва мутаносибан аз оилаҳои комгору саодатманд иморати ҷомеаи мутамаддин қомат меафрозад. Ин нуктаи муҳимро мактаби бузурги зиндагӣ собит кардааст!». Воқеан ҳам, таъмини солимии се сарҳалқаи бунёдии рўзгори башарӣ - Инсон, Оила ва Ҷомеа амри иҷропазир аст.

Гиромидошти оилаи муосир, рў овардан ба фарҳанги аҷдодӣ ва асолати миллӣ буда, моро ба суннатҳои халқи куҳан мепайвандад, то ки ба ташаккули ҳар оилаи ҷавон эътибори ҷиддӣ диҳем, бунёди онро мустаҳкам намоем ва ба дунёи пурасрори рўзгордорӣ бо тафаккури нав ворид гардем.

Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Оила рукни муҳими давлатдорӣ буда, давлат ҳамаҷониба ба устувории оила, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигарӣ, ҳисси масъулияти баробарии аъзои оила, ташаккул ва таъмин намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо, махсусан кўдак манфиатдор мебошад.

Оила маконест, ки дар он арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар мегузарад. Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҷойгир намоем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад.

Давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Оилаи солим аз зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, эҳтироми якдигар ва тарбияи фарзандонро талаб мекунад.

Бигзор, Рўзи байналмилалии оила ба солимии оилаҳо, рушду нумўъ, таҳкиму пойдории оила мусоидат намояд ва давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму некбахт бошанд!

Ҳамеша сарбаланду некном бошед, ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд