(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади таъмини иҷрои иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани «Соли 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 апрели соли 2019, №145, қарори Раиси шаҳр аз 06 майи соли 2019, №329 «Дар бораи баргузории озмуни шаҳрии Мисгарӣ ва оҳангарӣ» дар муассисаи давлатии «Кохи фарҳангии Суғдиён» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода, мудирони шуъбаю бахшҳо ва ҳунармандон озмуни шаҳрии «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» баргузор гардид.

Дар озмун иштирокчиён маҳсулоти дастии худро аз мису оҳан аз қабили армуғонҳо, кордҳо, гулдонҳо, олотҳои меҳнатӣ ва дастгоҳҳои ҳунармандӣ ба намоиш гузоштанд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи аслии гузаронидани озмун тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, ватандӯстӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои мисгарӣ ва оҳангарӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои ҳунари мисгари ва оҳангарӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати ҳунармандон, муаррифии васеъи маҳсули ҳунармадон ба мардум ва ғайраҳо мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ, барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад бурд.

Озмун натиҷагирӣ карда шуд ва ҷойи якумро Шарифҷон Самадов, ҷои дуюмро Собитхўҷа Нормаҳмадов ва ҷои сеюмро Абдусамад Раҳматов соҳиб шуданд. Ҳамаи иштирокчиён бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд