(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №16-и шаҳри Хуҷанд дарси кушоди омехтаи солона аз забони англисӣ барои гуруҳи омодагӣ ба мактаб аз тарафи мураббия Нодира Холматова ташкил ва гузаронида шуд.

Ҷараёни дарс-машғулият 35 дақиқа бо забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ идома ёфта, дар он аёниятҳо аз қабили бозии рӯйи мизӣ, меваю сабзавотҳои тару тоза ва макети он, бозичаҳо, аспобҳои лозима барои бозӣ ба мавзуъи «Оилаи ман» ва ҳамзамон техникаи муосир аз қабили компутер, проектор самаранок истифода бурда шуд.

Тарбиятгирандагони муассисаи мазкур дар бораи фаслҳои сол, хусусиятхои он бо забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ фикрҳои хешро баён доштанд.

Рафти дарсро намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, маъмурияти МТТ№16 ва мураббиён мушоҳида намуданд.

Мураббияи кӯдакистон Нодира Холматова аз бо натиҷагирӣ аз машғулияти гузаронидаи худ, зикр дошт, ки ҳадафи ташкили чунин дарсҳо пеш аз ҳама инкишоф додани нутқи даҳонӣ, шунавоӣ, рушди тафаккури логики кӯдакон. Шавқманд кардани кӯдакон ба забони англисӣ ва гузоштани пойдори омӯзиши ин фан. Ҳамзамон ҳозирҷавобу чаққон намудани кӯдакон ба дарс. Афзун намудани меҳру муҳаббат ба мухити зист ва атроф ва ғайраҳоро ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд