(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти интихоби муассисаҳои таълимии олии кишвар аз ҷониби довталабон дар раванди бақайдгирии довтлабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2019-2020 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 75 331 ҳуҷҷат супоридаанд.

Ин нишондод аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2019 пешниҳод гардида, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми дуюмро касб намудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар байни муассисаҳои олии вилояти Суғд мавқеи аввалро гирифтааст.

Илҳом Каримов, котиби масъули комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баён дошт, ки довталабон дар кластери якум ба ихтисосҳои информатика, математика, дар кластери дуюм ба ихтисосҳои кори бонкӣ, география, дар кластери сеюм ба ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ, забон ва адабиёти рус, дар кластери чорум ба ихтисосҳои таърих, таърих ва ҳуқуқ ва дар кластери панҷум ба ихтисосҳои биология, химия, биология ва химия, кори тиббӣ-биологӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд