(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҳфили омузишии «Мактаби духтарони пешво» таъсис ёфтБо ташаббуси Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, маҳфили «Макатаби духтарони пешво» омӯзиши худро оғоз намуд.

Лоихаи мазкур аз ҷониби Бахши кор бо занон ва оила, бо мақсади омода намудани духтарону ҷавонзанони қобилиятнок ба корҳои роҳбарӣ ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ амалӣ мегардад.

Дар давоми ду моҳ ба духтарони маҳаллӣ ки хоҳиши омӯхтани малакаи пешвоӣ ва роҳбарикунандаро доранд,кормандони масъули сохторҳои давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, собиқадорони  барӯманду соҳибтаҷриба аз маҳорати суханварӣ, тарзу усули муошират, роҳҳои ҳалли муаммоҳои гендерӣ, роҳандозӣ намудани буҷа, ва дигар мавзуҳоро меомӯзанд.

Баъди хатми ин маҳфил иштирокчиён имкон доранд донишу малакаи худро дар мактаби захираҳои кадрҳои ҷавони Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд идома диҳанд.