(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз дар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ байни наврасон ва ҷавонони соли таваллудашон 2001-2003 ва 2004-2007 аз рўи панҷ намуд (панҷҳарба) дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқаҳои шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқа аз рўи намудҳои тарзи озод, брасс, тахтапушт, баттерфлай ва эстафета дар масофаи 50 ва 100 метр баргузор гардида, дар он 60 нафар варзишгарон аз ҷумла 12 нафар духтарон иштирок намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи намуди шиноварӣ, ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани ҳайати дастаи мунтахаби шаҳр мебошад.

Дар охир ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорнома ва медалҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд