(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бо иштирок Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба оғози корҳои сохтмонии маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлуи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдори сохтмону шаҳрсозӣ дастур дод, ки маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир ки алҳол ҳудуди он 300 метрро фаро мегирад, бо назардошти бунёди шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейбол ва тенис, пайроҳа, истгоҳи наклиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои шаҳрвандон дар зудтарин фурсат бунёд карда шаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ дошта, дар ояндаи наздик то ҳудуди беморхонаи шараёни дил соҳили дарёи Сир идома ёфта, ба мавзеъи бузурги истироҳатию фароғатии меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд мубаддал гардонида мешавад ва ба ҳусни шаҳр таровати дигар мебахшад. Ҳамчунин барои ҷалби сайёҳони дохили хориҷӣ замина гузошта мешавад.

Раиси вилояти Суғд ба роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур дод, ки ҷиҳати омода намудани шиногоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир тадбирҳо андешанд ва барои бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шаҳрсозӣ ва мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру вилоят дастур дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ду канори соҳили дарёи Сирро бо андозаи то 6 метр пурра аз иншооти гуногун тоза ва барои роҳраву машқу тамрини шаҳрвандон шароит муҳайё карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд