(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Намоиш-фурӯши ниҳолҳо ва гулу зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳри ХуҷандСанаи 1 март дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиш фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳои кишварзӣ баргузор мегардад.

Дар он аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкилоту муассисаҳои боғпарварӣ, зироаткорӣ, гулпарварӣ, хоҷагии ҷангал, идораҳои кабудизоркунӣ, гармхонаҳо мағозаҳои фурӯши гулу зират ва ниҳол новобаста аз шакли моликияташон ширкат менамоянд.

Пешбинӣ мешавад, ки хоҳишмандон дар баробари харидорӣ намудани гулу ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда, тухмӣ аз навъҳои гуногуни нуриҳои минералӣ, имкони мубодилаи таҷриба ва гирифтани маслиҳати амалиро хоҳанд дошт. Бо ин мақсад кишварзони ботаҷриба, агрономҳои баландихтисос дар ҷойҳои махсус, шакли дуруст ва усулҳои гуногуни парвариш, нигоҳубин, пайванд ва серҳосил намудани дарахтони мевадиҳандаро намоиш хоҳанд дод.

Дар намоиш-фурӯш ҳамчунин корхонаю муассисаҳои вилоят ширкат намуда, ба миқдори номаҳдуд гулу гулбутта ва ниҳолро харидорӣ карда метавонанд.

Масоҳати намоиш фурӯш наздик 5га ташкил дода, барои ҳар як шаҳру ноҳия ва муассисаи кишоварзию гулпарварӣ ҷойҳои махсус ҷудо карда хоҳад шуд.

Чорабинии мазкур соати 08 00 оғоз меёбад.