(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шўъбаи маорифи шаҳр санаҳои 30 апрел то 4 майи соли 2019 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол байни писарон ва духтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шахри Хучанд бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мусобиқа байни писарон 8 даста варзишгарон иштирок намуда, дар натиҷа сазовори ҷои якум дастаи МТМУ №20, сазовори ҷои 2-юмро дастаи МТМУ №3 ва сазовори ҷои 3 дастаи МТҒ ба номи “Ё.В.Гёте” гардиданд.

Байни духтарон 12 даста баскетболбоз духтарон иштирок намуда байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа сазовори ҷои якум ва дуюм дастаи МТМУ №20 ва сазовори ҷои сеюм дастаи МТМУ №22 сазовор гардиданд.

Бозиҳои финалӣ ва ҷамбасти мусобиқаи мазкур дар толори варзишии МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода иштирок намуда, аз ҷумла қайд кард, ки имрўзҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рушд намуда истодааст. Тавре маълум аст, ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умеду такягоҳи давлат мебошанд. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».

Воқеан, сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.

Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд, аз 25 апрели соли 2019, №185 «Дар бораи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 3 майи соли 2019, №321 ва бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ таҷлил намудани Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр чорабиниҳои маънавӣ-фарҳангӣ ва мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ бо ҷалби васеи ҷавонону варзишгарон баргузор гардида истодаанд.

Дар охир ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадшиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд