(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мизи мудаввари Бахши кор бо ноболиғонШурӯъ аз моҳи феврали соли 2013 дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Нигоҳ доштан ва ёфтани оилаҳо» аз ҷониби ташкилоти байналхалқии «Health Prom»-и Британияи Кабир, Иттиҳодияи Ҷамъиятӣ «Иштирок» аз шаҳри Душанбе ва «Сарчашма» аз шаҳри .Хуҷанд бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.

Мувофиқи лоиҳа барои фароҳам овардани шароити мусоиди муносибату имкомниятҳои оилаҳо оиди ғамхории кӯдакон, ташкил намудани паноҳгоҳҳои таъҷилӣ барои модарони танҳо, ҳамчунин ташкили марказҳои ҷамъиятии ғамхории рӯзона барои пешниҳоди хизматрасонию дастгирии оилаҳо, инкишофи ғамхории алтернативии фостерӣ, мукаммалкунии рафти фарзандхонӣ ва парасторӣ бо роҳи ислоҳоти қонунӣ ва тағийроти сохторӣ дар муассисаҳои кӯдакона чораҳои амалӣ.андешида мешавад.

Вобаста ба сатҳу сифати амалишавии ин лоиҳа дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, намояндагони Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коршиносон ва парасторони хонаи кӯдакон мизи мудаввар доир гардид.

Ҳозирон доири натиҷаҳои марҳилаи ифтитоҳии лоиҳа ибрози андеша намуда, аз таҷрибаи амалишавии лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Молдова ба ҳозирон маълумот доданд.

Мадина Салимова мудири Бахши кор бо ноболиғони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пешниҳод намуд, ки баъди марҳилаи омӯзиши лоиҳаи мазкур бояд механизми тибқи лоиҳа ба шароити иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кишвари мо мутобиқ карда шавад. Аз ҷониби ҳозирон пешниҳод гардид, ки натиҷаҳои он аз ҷониби коршиносон ва мутахассисон баррасӣ гашта, зарурати пешниҳоди лоихаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба миён омадааст.

Ҳозирон доири таъсиси ҳайати кории назорат ва баррасии сифати амалашишавии лоиҳаи мазкур қарор намуданд.