(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар тарабхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд фестивали «Сад ранги чакан» бо иштироки бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Нахуст ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни фестивал дар саҳни тарабхонаи «Суғдиён» аз намоиши дастранҷи ҳунармандон ошноӣ пайдо намуданд.

Сипас, аз ҷониби беш аз 140 нафар иштирокдорони фестивал бо маҳсули 20 нафар тарроҳон аз рўи 6 бахш: “Беҳтарин либоси қадимаи чакан”, “Беҳтарин либоси кўдакона”, “Беҳтарин либоси рўзмарра”, “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ” бо назардошти ҳунару тахайюлоти иштирокчӣ бо истифодаи рамзу унсурҳои фарҳанги миллӣ, нақшу нигор ва гулҳои рангоранг манзури тамошобинон карда шуд. Ҳамзамон иштирокчиёни фестивал дар либоси хеш паҳлўҳои то ҳанўз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллии ин ё он маҳал, санъати асили гулдўзӣ, сўзанидўзӣ, тоқидўзӣ, навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намоянд.

Дар бахшҳои “Беҳтарин либоси қадимаи чакан”, Каромат Ашӯрматова (88), Беҳтарин либоси кўдакона” Нигина Шарифбоева (84), “Беҳтарин либоси рўзмарра” Биҳабиба Самадова (18), “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, Заррина Ҳикматова (7), “Беҳтарин либоси расмӣ” (91),“Беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ” Муҳтарам Ҳомидова ғолибият ба даст оварданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фестивалро натиҷагирӣ намуда аз ҷумла зикр дошт ки: “Бо иқдомоти наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сўзанидўзиву гулдўзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи “Чакан, ҳунари гулдўзӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки ин бевосита заҳматҳои хастанопазиронаю шабонарўзии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, боиси ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, ҳамзамон қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд “Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали «Сад ранги чакан» ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, бахшида ба «Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат мегирад.

Зикр гардид, ки баргузории Фестивали «Сад ранги чакан» имконият медиҳад, ки паҳлўҳои то ҳанўз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандўзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдўзӣ, сўзанидўзӣ, тоқидўзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад.

Сипас аз рӯйи ба 3 нафар беҳтаринҳои 6 номинатсия туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд