(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид. Раиси Комиссияи мазкур, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҷаласаро оғоз бахшида, аъзои комиссияро бо рӯзномаи он ошно намуд.

Сипас, аъзои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи навбатии худ 20 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масоили шаҳрвандонро доир ба тарбият гирифтани ноболиғон, таъин намудани васӣ, гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакон шаҳри Хуҷанд, муайян намудани рӯз ва соати муошират бо фарзанд, ивази ном ва ғайраҳоро омӯхта, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ҳамчунин аъзои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баррасии пешниҳодоти як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доир ба рафтору кирдорҳои ноболиғонро бо иштироки худи онҳо, маъмурияти мактаб ва волидайнашон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд