(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия ба муносибати моҳи шарифи Рамазон дар майдони назди театри Камоли Хуҷанди ташкил гардидааст, боздид намуд.

Маъруф Муҳаммадзода зимни ошноӣ аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи моҳи шарифи Рамазон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани дастархони мардум сурат гирифта, он ҳамарӯза давоми моҳи шарифи Рамазон идома хоҳад ёфт.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 20-30 фисад арзон бошад. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалия карда шуд, то ин, ки дастархони мардум бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба танзими нархи гӯшт карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамарӯза 7 дӯкони гӯштфурӯшӣ назди 2 тонна гӯштро бо нархи 34 сомонӣ ба мардум манзур хоҳанд намуд. Маъруф Муҳаммадзода дар ин ҷо ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дод, ки барои батанзимдарории нархи гӯшти дӯконҳои мавзеъҳои Ватан, Пули чуқур, микроноҳияи 34 азм намоянд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз бозори марказии «Панҷшанбе» боздид намуд. Ба гӯштфурӯшони ин бозор дастур дода шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархи гӯштро то 2 сомонӣ поён намоянд. Дар бозори «Панҷшанбе» ташкил гардидани дӯкони гӯшти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» фоли нек арзёбӣ гардид, зеро дар ин ҷой гӯштро бо арзиши 37 сомонӣ ба фурӯш монда буданд.

Шаҳрдор ҳамзамон аз вазъи нархи биринҷ,нон, сабзавот ва тармевагиҳо ошноӣ намуда, барои афзун намудани маҳсулот ва поён фаровардани нархи он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд